Ҷашни Рӯзи Президент дар МТИК “Стоматология”- и МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”
Дар Маркази таълимӣ илмӣ- клиникии “Стоматология” 12.11.2020 ҷаласаи кормандон бахшида ба Рӯзи Президент бо иштироки роҳбари марказ н.и.т. Одинаев И. С., сардори шӯъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Таибов С.А., шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон, мудирони кафедраҳо, орденаторони клиникӣ ва табиб-интернҳо, донишҷӯёни курси 4-уми факултети стоматологӣ баргузор гардид. Ҷаласаро роҳбари марказ н.и.т. Одинаев И. С. оғоз намуда афзуд, ки “муаррифгари ҳар давлату миллат роҳбари давлат аст ва мо устодони марказ вазифадорем, ки барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чораҳои зарурӣ андешида, парчамбардори миллати хеш бошем. Итминони комил дорем, ки сулҳу ваҳдат дар мамлакат пояҳои устувор дорад ва дар кори боз ҳам пойдору устувор гардонидани онҳо дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол тадбирҳои судманд хоҳанд гардид.”
Сипас шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон дар бораи корнамоиҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барпо намудани давлати тоҷикон суханронӣ намуда, қайд ки “Президенти кишвар ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ татбиқи амалии онҳоро таъмин намуданд. Бояд ҳамаи ин дастовардҳоро ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад.”
Дар охир сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Таибов С.А. аз пешравиҳои донишгоҳ сухан намуда, таъкид кард, ки “муассиса имрӯз пешоҳанги олии таълимӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустиро дар заминаи пойгоҳҳои байналмилалии илмӣ – иновационӣ тарбия ва ба бозори ҷаҳонӣ пешниҳод намуда, дар болоравии сифати илму таълим замина мегузорад, ки ин дар навбати худ барои наслҳои оянда дар табобати беморон хизмати шоистае хоҳад кард. Бояд гуфт, ки аз ҷиҳати таҳлили сиёсӣ, имрӯзҳо яке аз омилҳои нарасидани кишварҳои ҷангзада ба сулҳу субот, ин вуҷуд надоштани лидери сиёсӣ дар ин ҷомеаҳо мебошад. Асоси пойдории сулҳу амнияти Ватан ва осудагии халқу кишвар Пешвои миллат аст, ки ба шарофати ин родмарди асил имрӯз мо ҷашнҳои кишварро бо хотири ҷамъу болида таҷлил мекунем. Бо назардошти иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ, бо азму иродаи қавӣ ва устуворона иброз менамоем, ки ӯ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад. Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд.”
Таибов С.А. бо қироати порае аз мисраҳои тозаэҷоди хеш бахшида ба Рӯзи Президент ба ҷаласа ҳусни анҷом бахшид:
Ба Пешвои муазами милат.
Ҷонфидо гаштӣ барои ин Ватан,
То набинӣ мурдаеро бе кафан,
Сулҳ овардӣ барои миллатат,
Аз хирад дорад вуҷудат пираҳан,
То набинӣ тифлакеро бепадар,
То нагардад миллати мо дар ба дар,
Баҳри ободӣ мудомӣ дар талош
З-ин сабаб бедорхобӣ ин қадар.
Мезанӣ худро ба ҳар сӯи ҷаҳон,
То баҳор орӣ ба ҷои ҳар хазон,
Харф гӯӣ бо забони тоҷикӣ
Шаҳд дорад дар ниҳодат ин забон.
Сарҳади тоҷик агарчи кучак аст,
Бо каломи хеш бигрифта ҷаҳон.
Миллате гар бо силаҳ зӯрӣ кунад,
Миллати моро силаҳ бошад забон.
Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
Оқилона ҳарф гуфт, он кас ки дурандеш шуд,
Лаззати ҳар мисрааш чун сабки Хайрандеш шуд.
Парчами тоҷик ҷаҳонгир шуд ба шеъри Гулназар,
Пойдории Ватан з-ин марди хайрандеш шуд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Муҳидинова М .- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа