Ҳаракатҳои экстремистӣ ва хатари онҳо ба амнияти шаҳрвандон

Ҳаракатҳои экстремистӣ  ва хатари онҳо ба амнияти шаҳрвандон

Оё мазҳаб ё равияе дар дини Ислом аст, ки Худо ва паёмбари дини мубини Исломро инкор кунад? Ҳамаи мусулмонони дунё бар он ақидаанд, ки Нест Худое ба ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад расули Худост. Қуръон китоби муқаддаси мусулмонон аст.

Ислом баробарии инсонҳоро дар се самт муқаррар намудааст.

1.     Баробарӣ дар асли инсоният

2.     Баробарӣ дар ҳукук ва таколиф

3.     Баробарӣ дар назди додгоҳҳо ва иҷрои қонунҳо

Ё худ Худованд дар китоби Қуръон мефармояд: «Эй мардум мо Шуморо мард ва зан офаридаем. Ва шуморо халқҳо ва қабилаҳо кардаем, то якдигарро бишносед» (Сураи «Ҳуҷурот» ояи 13)

Яке аз калонтарин хатарҳоеро, ки дар олами Исломи имрӯза пайдо гардидааст ва Исломро ба манфиати дигарон табдил додааст, ин равияҳои тундгарои «Салафия», «Ихвон-ул-муслимин», ТЭТ «Ҳизби наҳзат» ва ғ мебошанд. Бино ба шарҳи олимаи соҳаи сиёсатшиносӣ Гулчеҳра Муродова истилоҳи «Салафия»аз калимаи арабии «салафа», яъне «дар шакли аввала будан» гирифта шудааст. Аз назари фаҳму тафсири Ислом онҳо «аҳли зоҳир» буда, аз замони Паёмбари Ислом то имрӯз дар шаклҳои гуногун фаъолият доранд. Онҳо ба зоҳирии ояту ҳадисҳо такя мекунанд, на ба маънои амиқи динва иҷтимоии онҳо. Аз назари таърихӣ равияи салафия дар қарни 14- ум дар чаҳорчубаи андеша ва осори Ибни Таймия ҳамчун равияи мазҳабӣ рушд кардааст. Баъдтар таблиғгари ин равия Муҳаммад ибн Абдулваҳоб буда, пас аз ӯ ин равия асосан номи ваҳобияро гирифт. Ба ақидаи Акбар Тураҷонзода «..ваҳҳобия ба номи салафӣ дар ниқоби ҷадиде арзи ҳастӣ кардан мехоҳад. Амо ин салафиҳои имрӯза ҳамон ваҳҳобиҳои пешина мебошанд. Баъзе аз уламо онҳоро пайравони мазҳаби «ҳавою ҳавас» меноманд. Яке аз вазифаҳои асосии онҳо дар тамоми ҷаҳон мубориза бурдан бо пайравони мазҳаби шиъа аст. Аксари ин тарҳ ва супориши доираҳои ғарбӣ аст, ки натанҳо бар зидди Эрон, балки бар зидди ваҳдату қудрати мусулмонон равона карда шудааст. Пажӯҳишгарони таърихи салафия (ваҳҳобия) собит карданд, ки мароми асосии салафиён, яъне ихтилофандозӣ миёни мусулмонон, дар асли бо фармони вазорати умури мустаъмироти Биритонёи Кабир ба вуҷуд омадааст.

Ё мисоли дигар, ки ҳанӯз соли 1927 бо фишори ваҳҳобия шоҳ ибни Сауд фатвои маъмулеро баровард, ки тибқи он шиаҳо ё ба мазҳаби суннӣ рӯ меоварданд ё кишварро тарк мекарданд.

Имрӯз ҷаҳони ғарб Исломро айбдори он менамояд, ки он ташаккулдиҳандаи «тероризм» ва «ифротгароӣ» аст.

Сиёсишавии Ислом аз нигоҳи олими барҷастаи тоҷик Абдуллозода Ш аз замоне оғоз гардид, ки муборизаҳои миллию озодхоҳӣ бар зидди давлатҳо ва қудратҳои мустамликадорӣ оғоз шуданд. Нерӯи муборизи ислом дар ин задухурд коройии худро нишон дод. Вале бо ҳамин энерсия сиёсишавии ислом ба манфиати худи Ислом ва давлатҳои исломӣ нест.

Масалан дар худи ватани Ислом Арабистони Саудӣ низ хонадони Оли Сауд аз хатари исломиёни худиву бегона бе ташвиш нест, аз ҳамин хотир як гарнизони низомиёни Амрико дар он ҷо ҷойгир аст, то ин, ки мусулмононро аз мусулмонон ҳифз намояд. Воқеаҳои баҳори араб- ҷангҳои Ироқу Сурия, воқеаи нангини давлати Яман худ мисоли таърихи муосиранд. Ин талош ва хоҳиши душманони Ислом аст, то Исломро дар ҷабҳаи хушунату зурӣ, дур аз нақши исломи маънавӣ нигоҳ доранд ва бо ин роҳ сиёсати исломҳаросиро ба роҳ монанд.

            Санаи 05.10.2020 бо ибткори Шуъбаи тарбия чорабинии тарбиявӣ –тарғиботӣ бо иштироки донишҷӯёни курси 4-уми факултети стоматологӣ доир карда шуд. Дар чорабинӣ аз ҷониби омӯзгори фанни сиёсатшиносӣ Бузургов М.А дар мавзӯи «Ҳаракти эктремистии «Ихвон-ул-муслимин» ва хатарҳои он ба амнияти шаҳрвандон» маърӯза карда шуд. Баъди анҷоми маърӯза донишҷӯён Абдуллоев Б, Рофиев Ш, Мардонов А, Амруллои С, Рустамов Р ва Маҳмадалиева Т фикру ақидаҳояшонро доир ба мавзӯъ баён намуда, фаъолияти ифротии ташкилотҳои зикргардидаро ғайриинсонона арзёбӣ намуданд.

Шуъбаи тарбия


05.11.2020 324

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php