Ҷамъомади тантанавӣ ва илмӣ-адабӣ

Ҷамъомади тантанавӣ ва илмӣ-адабӣ

     Санаи 15.11.2018 дар кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи НБО-и Роғун ҷамъомади тантанавӣ ва илмӣ-адабӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ доир гашт. Ҷамъомадро мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ д.и.к., профессор Раҷабов У.Р., оғоз бахшида, дар бораи хизматҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти таърихии НБО-и Роғун суханронӣ намуд. Сипас, президенти академияи таҳсилот, академик Бобизода Ғ.М.дар мавзӯи «Нерӯгоҳи обии барқии Роғун олами номусу нанги миллат» баромад намуд. Дар охир устодон баромад намуда тазаккур доданд, ки НОБ-и Роғун олами номусу нанг аст ва ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.

  У.Р. Раҷабов мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ, доктори илмҳои кимиё 


22.11.2018 404

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php