Ҳамоиши Намояндагии ТҶҶ «Созандагони ватан» дар МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино”
Дар толори №6-и бинои нави таълимии донишгоҳ ҳамоиши Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо иштироки ҷавонони донишгоҳ баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур Ҳомидзода Насимҷон - Роҳбари Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе, Шарипова Лайло – мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раҳмонов Ҷасур - Роҳбари Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Мардонова.Ҳ. – корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар ҳамоиши мазкур Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, бо иштироки Роҳбари Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе, мудири Шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, роҳбари Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва корманди Кумитаи иҷроияи ноҳия, бо ҷонибдории ҷавонон таъсис дода шуда, Шарифов Қувваталӣ Орифович - Роҳбари Намояндагӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон тариқи ҷонибдорӣ интихоб карда шуд.
Ҳамчунин дар рафти ҳамоиш Ҳомидзода Насимҷон – Роҳбари Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе оид ба дастгирӣ аз номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баромад намуда, муҳимтарин ҳадафу мақсадҳои Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи ҳозирин расонид. Дар ҳамин ҳошия Мардонова Ҳ. корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ баромад намуда, мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бузургтарин мактаби давлатдорӣ барои бунёд ва рушди давлат дар заминаи тамоми арзишҳо донист.
Дар охири ҳамоиш Сатторова Бунафша - аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳороти Шӯрои марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро дар ҳошияи маъракаи муҳими сиёсӣ – Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда, бо ҳозирин якдилона аз номзади арзандаи ҲХДТ- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуд.
Мудири Шӯъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О.