Ҷаласаи корӣ бо намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш
Санаи 06.02.2019 дар Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳ бо намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа мудирони шуъбаҳои кор бо занони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Раиси Кумитаи мазкур Абдуллозода Ахтам Рустам дар бораи сабабҳои пошхӯрии оилаҳо, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, тарзи ҳаёти солим, падидаҳои номатлуб, гузаронидани вохӯриҳо дар байни ҷавонон, ҷоннок намудани кор бо занон ва духтарон суханронӣ намуд. Як гурӯҳ духтарони фаъоли Шӯрои бонувон дар ин ҷаласа иштирок доштанд.
Шӯрои бонувон