Ҷаласаи ғайринавбатӣ дар Маркази таълимӣ-клиникии «Стоматология»

Ҷаласаи ғайринавбатӣ дар Маркази таълимӣ-клиникии «Стоматология»

Ҷаласаи ғайринавбатӣ дар Маркази таълимӣ-клиникии «Стоматология» оиди дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ва мулоқот бахшида ба Рӯзи Дониш -1 сентиябри соли 2018 баён доштанд баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа муовини ректор оиди корҳои муолиҷавӣ н.и.т. Қобилов Қобилҷон Кенҷаевич ва директори маркази таҳсилоти баъдидипломӣ н.и.т. Гадоев Бахшибек Шифоевич директории марказ н.и.т. Одинаев И.С., мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ н.и.т. Зарипов А.Р., мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ н.и.т. Тохтахоҷаева С.Т. ассистенти кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ Таибов С.А. иштирок намуда, суханронӣ намуданд.

Роҳбарии марказ н.и.т., Одинаев И.С.   ҷаласаро оғоз намуда афзуд, ки дар Маркази таълимӣ-клиникии «Стоматология» ҳама дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ва мулоқот бахшида ба Рӯзи Дониш - 1 сентиябри соли 2018 баён доштанд дар амал татбиқ шуда истодаанд.

Нақша чорабиниҳои марказ вобаста ба нақша чорабиниҳои Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ карда шуданд.

Дар ин давра 6-ҷаласа барои баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, ҳисиёти миллӣ ва зиракии сиёсӣ, ки хусусияти тарбияви ва фарҳангӣ доштанд, гузаронида шуд.

Ҳуҷраи лабораторӣ тестҳои таъҷилӣ барои муайян намудани гепатитҳо ва вируси норасоии масъунияти одам ташкил карда шуд. Барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ намудани паҳншавии бемориҳои вируси ВМНО ва гепатитҳо дар муасисаҳои стоматологӣ ва корхонаҳои маиши кормандони марказ 9-баромади телевизионӣ ва 3-баромади радиои намуданд.

 Инчунин, ҳамоиши илмӣ-амалӣ байни маркази таълимӣ – клиникии «Стоматология»-и Донишгоҳи давлати тибби Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Пажуҳишгоҳи илмӣ-клиникии «Стоматология» ва ҷароҳии ҷоғу рӯй дар мавзӯи «Пешгири намудани паҳншавии бемориҳои вируси ВМНО ва гепатитҳо дар муасисаҳои стоматологӣ» ба нақша гирифта шудааст, ҳоло дар марказ корҳои зиёди ободонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки боиси пешрафти кор ва пешгирии паҳншавии бемориҳои вирусӣ мегардад.

                                              

            И.С. Одинаев, директори МТК «Стоматология», н.и.т. 



11.02.2019 526

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php