Аксияи таблиғотию фаҳмондадиҳӣ «Солимии ҷавонон-солимии миллат»

Аксияи таблиғотию фаҳмондадиҳӣ  «Солимии ҷавонон-солимии миллат»

Тибқи нақша-чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонон бахшида ба «Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зиддӣ ВНМО/БПНМ» дар саҳни телевизиони “Сафина”, Театри опера ва балети ба номи Садридин Айнӣ, Боғи ба номи Куруши Кабир ва саҳни Донишгоҳи славиянии Русияву Тоҷикистон ҳамчунин, дар боғи ба номи Алишер Навоӣ, Маркази савдои “Ашан” ва саҳни бинои Ширкати мобилии TCELL бо мақсади пешгирии ҷавонон аз бемориҳои сироятӣ ва ВНМО/БПНМ аксияи солимгардонию фаҳмондадиҳии «Солимии ҷавонон-солимии миллат» баргузор намуданд.

Дар доираи аксияи мазкур волонтёрони шуъбаи кор бо ҷавонон бо меҳмонону сокинони пойтахт сӯҳбату вохӯриҳо анҷом доданд. Дар бораи ВНМО/БПНМ, сироятёбӣ ва оқибатҳои он, инчунин роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ иттилоъ дода, дастурамалҳои иттилоотӣ оид ба ин вабои аср тақсим карда шуданд. Ин амал дар баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум оиди ВНМО/БПНМ ва паст намудани сироятшавӣ нақши муҳим бозида, аҳли ҷомеаро аз ин вабои аср ҳушдор медиҳад. 

Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон  -  Шарифов Қ. О.


07.12.2020 293

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php