24-ноябр – Рӯзи Парчами Миллии Тоҷикистон

24-ноябр – Рӯзи Парчами Миллии Тоҷикистон

       Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона дар санаи 21. 11. 2018с. дарси кушод оиди гузаронидани “Парчами Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки муаллимони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳи 6-ум курси 2-юми факултети педиатрӣ гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳи 6-ум Холова М ва Сафарова Н пурмазмун тайёр намуд.

        Парчам (байрақ)-и Тоҷикистон ин нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабулу расман тасдиқ карда шудааст. Парчами-байрақи Тоҷикистон иборат аз рангҳои сурх(аз ҳама боло), сафед(дар байн) ва ранги сабз(аз ҳама поён) мебошад. Дар байни парчами Тоҷикистон расми тоҷи тиллоии дорои 5 қуллаи ним давраи ситорадор ҳаст. Дар Конститутсияи Ҷумҳҷрии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Мувофиқи он “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатӣ иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад”.


       Рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то кунун замон расидаанд. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи парчам аз 23 ноябри соли2010 рангҳои парчами миллиро “ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ” донист ва гуфт: Ранги сурх-рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед-нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз-нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Парчами миллати Сарфароз,

Парчами халқи озоди ман.

Дар самои Ватан парфишон,

Парчами фатҳу иршоди ман.

Парфишон бо ту шуд, парфишон,

Бахту пирӯзии Тоҷикон.

       Ба ин ҷиҳат бояд арҷ гузошт, ки бори аввал дар тӯли зиёда аз 70 соли мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурӣ, бори аввал парчами ин кишвар ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатӣ тавзеҳ дода мешавад ва ё аввалин маротиба калимаи Истиқлолият дар тафсир ва ё шарҳи парчам ворид шуд. То ин дам парчамҳои қаблӣ танҳо рамзи фарқунандагии давлатиро иҷро мекарданд, ки Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии тобеъ аз 14 ҷумҳурии дигар Иттифоқ дар фарқият қарор медод. Парчами нав бошад, акнун Тоҷикистонро на чун давлати тобеъ, балки ҳамчун ҷамҳурии мустақил миёни зиёда аз 200 давлати дунё тафовут мебахшид.

Эй нишоии фариии ковиён,

Рамзи озоди озодагон.

Дар дифои ту сар мекашем,

 Дил ба дил тан ба тан ҷон ба ҷон.

 Парчами Тоҷикистони ман,

Парчами Шодию шоди ман.

Ҳар нахи тору пуди ту шуд,

Ришта аз риштаи ҷони ман.

       Бо парчами нави давлатӣ орзуҳои нав ва интизориҳои халқи тоҷик ба вуҷуд омад. Мутаасифона ҷанги шаҳрвандӣ интизориҳои тоҷикистониёнро як муддат зери шубҳа бурд, аммо он дурудароз давом накард ва баъди истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ умеди мардум ба давлат ва эътиқоди онҳо ба ояндаи созанда дучанд эҳё шуд.

Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,

Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод.

Ранги сабзаш сабз шуд аз ҷони мо,

Ранги сурхаш хуни аҷдодони мо.

Дар сафедияш роҳи бахти сафед,

Мебарад моро ба фардои умед.

Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,

Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод.

       Моҳи сентябри соли 2011 бо муносибати 20 солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165м) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид карда шуд. Дар чунин шакл ва андоза бунёди парчам ифодаи ғурури сатҳии давлатдорӣ ва ё худнамоӣ набуда, он ифодаи давлатдории қадимии халқи тоҷик мебошад, ки ба ҳар як метри он як давраи таърихии нашъунамои миллию сиёсии тоҷикон рост меояд. Қуллаи парчам қуллаи баланди ташкили давлатдорӣ, давлатдории мустақил мебошад, ки онро тоҷикон ба баҳои талафоти беназири моддию маънавӣ аз тӯли таърих ба даст овардаанд.

     Донишҷӯён маърӯзаро бо як эҳсосоти баланд гӯш карда ва иброз намуданд, ки бо фаъолияти хуби кории худ ва навгониҳо дар соҳаи тиб номи Тоҷикистон ва Парчами миллиро дар тамоми ҷаҳон боз ҳам баланд хоҳем бардошт.

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


26.11.2018 6007

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php