Ҳ.Н.Эгамназаров- “Олими ҷавони сол”
7 январи соли ҷорӣ аз рӯи нақша дар Академия илмҳои тиббӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оиди дастовардҳои олимони тоҷик дар соҳаи тандурустӣ баргузор гашт, ки дар кори он беҳтарин олимони кишвар, аъзоёни Академияи илмҳои тибби ҶТ ва ғайра иштирок варзиданд. Дар рафти ҷаласа дар баробари дигар масъалаҳо олимони ҷавон бурду бохти корҳои илмии худро муҳокима намуда, ҳозиринро аз дурнамои корҳои илмии худ огоҳ карданд. Бояд қайд намуд, ки докторанти PhD-и кафедраи беҳдошти муҳити зисти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Эгамназаров Ҳ.Н. барои бо муваффақият ба роҳ мондани корҳои илмии-тадқиқотӣ, бо ҷоиза ва унвони “олими ҷавони сол” қадрдони гашт, ки ин аз дастовардҳои арзандаи олимони ҷавони донишгоҳ дар бахши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гувоҳӣ медиҳад. Бояд гфт, ки олими ҷавон Ҳ.Н.Эгамназаров таҳти роҳбарии устодаш, д.и.т., профессор К.Н.Дабуров солҳои охир дар мавзӯи “Арзёбии гигиении омӯзиши унсурҳои химиявии об дар вилояти Ҳатлон ва таъсири он ба солимии ҷомеа ” таҳқиқот бурда истода, оид ба ин мавзуъ аллакай якчанд мақолаҳои пурмуҳтавои илмӣ ба нашр расонидааст.
“Ворисони Сино”
24.01.2020
544