Иншооти тақдирсози миллат- нерӯгоҳи Роғун ба тавлиди барқ шуруъ мекунад

       Чӣ хеле, ки ба ҳамагон маълум аст 16-уми ноябри соли равон аввалин агрегати НБО-и Роғун ба кор медарояд ва ин пирӯзии бемисли халқи тоҷик, истиқлолияи Тоҷикистон ва Пешвои он - Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд.

      Ҳамаи мо - мардуми Тоҷикистон таассуроти басташудани пеши дарёи азими Вахш, ки 29-уми октябри соли 2016 ба вуқуъ омада буд, дар хотир дорем. Дар ин рӯйдоди нотакрори таърихӣ аз ҳама ҷолиб он манзара буд, ки давоми якуним соат Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сари фармони булдозер ба ин набарди як ба як бо дарёи қайсару ваҳшӣ баромада бо шуҷоату мардонагӣ ва камоли маҳорат пеши дарёро бубастанд ва аз соҳили чап ба соҳили рост гузаштанд. Бо дасти худ, ҳатто метавон гуфт бо ҷисми худ пеши маҷрои дарёро бастани Президенти Тоҷикистон рамзи пирӯзии халқи мо, истиқлолияти мо дар ин амал дурахшон таҷассум ёфт. Басташудани пеши дарё оғози марҳилаи асосии бунёди НБО-и Роғун буд. Акнун дарё маҷрояшро дигар кард ва барои бунёди сарбанд шароит фароҳам овард. Баъд аз ду соли баста шудани пеши дарё агрегати аввал ба кор хоҳад даромад.

      Воқеан, бояд гуфт, ки бунёди НБО-и Роғун ба майдони шуҷоату ҷоннисориҳо, ба мактаби худшиносиву камолот, ба минбари баланди ифтихору пирӯзиҳои миллати куҳанбунёду хайрхоҳи мо табдил ёфтааст. Роғун он ормони бузург ва наҷиби миллист, ки халқҳои кишвари моро баҳам овард ва барои расидан ба қуллаҳои мурод раҳнамо шуд. Ҳар нафаре, ки агар қаҳрамониҳои Роғунсозонро дар худ тасвир мекунад, пеш аз ҳама заҳматҳои ватандӯстонаро бо чашми худ мебинад ва дармеёбад, ки дар ин сохтмони азими аср як рӯҳияи бузурги милливу ватандорӣ ҳукмрон аст. Ва ин беҳтарин муҳитест, ки ба ноумед умед, ба рӯҳафтода рӯҳияи баланд, ба ҷавонон зӯру соҳибғайрат эҳсоси ватандориро   эҳдо мекунад.

     Бунёди Роғун мақсади наҷиби на фақат созандагони он аст, балки ормони баланди тамоми миллати некбину солим аст, зеро бунёди Роғун бунёди худи мо, миллати мо, фардои фурӯзони мо, исботи қавии ҳастии бегазанди халқи тоҷик аст.

     Дар пайвастагӣ ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарфи 27 соли Истиқлолият аст, ки кишвари азизу маҳбуби мо – Тоҷикистони биҳиштосо ба гурӯҳи даҳгонаи мамлакатҳои тараққикунанда ворид шуда, аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба давлати саноатӣ-аграрӣ табдил гашта истодааст.

       Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ яке аз ҳадафҳои хусусияти мубрамиятдори “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” маҳсуб меёбад. Дар доираи татбиқи ин ҳадаф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад гузоштааст, ки то соли 2028 Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро бо шумури шаш агрегат бунёд намуда, аҳолии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақаро бо “энергияи сабз”таъмин намояд.

     Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ сохтмони Нерӯгоҳ ҳанӯз солҳои 1930 ба нақша гирифта шуда буд. Вале корҳои омӯзишии он соли 1960 оғоз шуда, соли 1976 корҳои сохтмонӣ ташкил карда шуданд.   Баъд аз пошхӯрдани ИҶШС бунёди ин сохтмон қатъ карда шуд. Маҳз дар даврони мустақилияти Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои тоҷикони рӯйи дунё Эмомалӣ Раҳмон сохтмони он дубора шуруъ гардид.
Ҳамзамон маълум аст, ки ширкатҳои бузурги давлатҳои тараққиёфтаи ҷаҳон барои сохтмони ин иншоот ҳамкории худро ба роҳ монда, тамоми таҷҳизоти лозимаро босифати аъло таъмин намуда истодаанд.

     Сохтмони НБО Роғун на танҳо ба манфиати ҷумҳурии мо, балки ба манфиати ҳамсоякишварҳо, низ хоҳад буд.

      Дар охир қайд кардан мехоҳам, ки захираҳои обии сарзамини мо беназир аст ва истифодаи оқилонаю пайвастаи онҳо роҳи дастёбӣ ба истиқлоли энергетикӣ ва боз ҳам беҳтарсозии зиндагии хурраму осоиштаи мардум мегардад.

М.Ё.Холбегов, мудири кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика


02.11.2018 1164

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php