Ҳамкорӣ бояд натиҷаҳои хуб диҳад

Ҳамкорӣ бояд натиҷаҳои хуб диҳад

     Санаи 13 - уми декабри соли ҷорӣ муовини декани факултети тиббӣ оид ба тарбия Бурҳонова З.У. дар ҳамкорӣ бо мутахассиси Шуъбаи тарбияи донишгоҳ Бегиҷонов Н.Қ. аз як қатор кафедраҳои назариявии дар бинои таълимии «Шаҳраки Шифобахш» қарордошта, дидан намуданд. Мақсади ташриф санҷиши ҳуҷҷатгузории корҳои тарбиявӣ ва мувофиқи нақша     гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои берун аз дарсӣ буд.

      Дар ин рӯз дар кафедраҳои «Ҷомеашиносӣ», «Забонҳои хориҷӣ ва лотинӣ», «Забони русӣ», «Тибби ҳарбӣ» (Мудофиаи шаҳрвандӣ), «НТҶ ва таърихи тиб» санҷиш гузаронида шуд.

        Дар кафедраи «Ҷомеашиносӣ» бо сарварии мудири кафедра профессор Саидов А.С. ва саркуратор Абдураҳмонов З.В. кори тарбиявӣ   хуб ба роҳ монда шудааст. Кормандони кафедра дар баргузори чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ ва берун аз он саҳми калон мегузоранд. Ҳамаи чорабиниҳои хусусияти таърихӣ ва сиёсӣ дошта дар донишгоҳ бо сарварии мудири кафедраи «Ҷомеашиносӣ» профессор Саидов А.С. ва кормандони кордону собиқадори ин кафедра баргузор мегардад. Норасоиҳо дар ҳузури мудири кафедра ва кормандон муҳокима карда шуд. Умед дорем рӯзҳои наздик ин камбудиҳо бартараф карда мешаванд.Ба саркуратори кафедра Абдураҳмонов З.В. супориш дода шуд, ки устодони ҷавонро зери назорат гирифта, ба онҳо дар кори тарбия кӯмак расонанд.

       Дар кафедраҳои «Забонҳои хориҷӣ ва лотинӣ», «Забони русӣ», «Тибби ҳарбӣ», «Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва таърихи тиб» ҳамин гуна норасоиҳо ба қайд гирифта шуд.

        Бо ҳамаи кураторони кафедраҳо дар ҳузури мудирони кафедраҳо суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Аз онҳо хоҳиш карда шуд, ки оиди масъалаҳои корҳои тарбиявӣ ба муовинони декани факултетҳо оиди тарбия ва Шӯъбаи тарбия муроҷиат намоянд ва норасоиҳо дар муддати кӯтоҳтарин бартараф карда шавад.

Ҷ.Қ.Муҳаббатов, декани факултети тиббӣ, д.и.т. 


17.12.2018 423

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php