Ҷаласаи Шӯрои мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олии касбии шаҳри Душанбе

 Ҷаласаи Шӯрои мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олии касбии шаҳри Душанбе

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати зеҳнии донишҷӯён, фаъолнокии онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии онҳо тариқи чорабиниҳои гуногуни зеҳнию маърифатӣ ва фарҳангию варзишӣ, инчунин ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри  Душанбе, дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон нақшаи  чорабиниҳои ягонаи Шӯрои мудирони шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои олии касбии шаҳри Душанбе, таҳия ва тасдиқ намуд.

Дар ин радиф, вохӯрии муовини аввалли раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудирони шӯъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе дар бинои марказии Кумита баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалигардонии бандҳои нақшаи чорабиниҳои мазкур, инчунин иҷрои нуқтаҳои муҳиме, ки оид ба самти ҷавонон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар баён гардиданд, дастуру супоришҳои муфид дода шуд.

Аз тарафи МДТ “ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” мудири Шӯъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О.  дар ҷаласа иштирок кард. 

                                  Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон  -  Шарифов Қ.О.


29.10.2020 438

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php