Вохӯрии судманд дар МОҚ

Вохӯрии судманд дар МОҚ

Рӯзи 18 - январ дар Маркази омодагии қаблӣ вохурии судманде бо кормандони ММТ барпо гардид. Дар вохӯрӣ сардори раёсати таҳияи маводи имтиҳони ММТ Азимов Ҷамшед Аслиддинзода иштирок ва баромад намуд. Дар ҷамъомад қайд гардид, ки дар имтиҳонҳои марказонида дохилшавии (ИМД) соли 2020 як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст. Аз он ҷумла фанҳои имтиҳонӣ ихтисор гардида имсол довталабон дар як рӯз аз рӯи ҷадвали зерин имтиҳон месупоранд.

Матритса

р/т

Номи фан

миқдори саволҳо

пушида

мувофи-қатоварӣ

кушода

хол

балл

фоизи саволҳо

1

Забони тоҷикӣ

25

20

5

40

75

15%

2

Биология

25

20

5

40

150

30%

3

Химия

27

18

2

7

40

175

35%

4

Физика

27

18

2

7

40

100

20%

 

Ҷамъ:

104

76

14

14

160 хол

500 балл

100%

Тағйироти дигар ин вобаста ба вақт аст, ки имсол 220 дақиқа ё 3 соату 40 дақиқаро дар бар мегирад. Имтиҳонҳои кластери панҷум рузҳои 5-6 –и июл барпо гардида натиҷаи имтиҳон рӯзи 19 июл эълон мегардад ва натиҷаи тақсимот бошад рӯзи 24 – июл маълум мегардад. Дар охир аз тарафи шунавандагон ва падару модари онҳо саволҳои зиёде пешкаш гардид, ки онҳо ба ҳамаи саволҳои худ ҷавоби мушаххас гирифтанд.


Маркази омодагии қаблӣ

 

 

 


23.01.2020 219