Вохӯрии судманд бо кормандони ММТ

Вохӯрии судманд бо кормандони ММТ

     Рӯзи 20-уми ноябр дар Маркази омодагии қаблӣ як вохӯрии судманд бо кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини аввали ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Ибодов С.Т., сардори бахши таҳияи маводи имтиҳонии ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимов Ҷамшед Аслиддинзода ва кормандони  Маркази миллии тестӣ Хусравбеков Лоиқ ва Расулов Солеҳҷон иштирок доштанд.

     Муовини ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Ибодов С.Т. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, меҳмонон ва шунавандагонро бо сохтор ва кафедраҳои донишгоҳ шинос намуд. Ҷамшед Аслиддинзода ҳангоми суханрониаш таваҷҷуҳи шунавандагону омӯзгоронро ба натиҷаи имтиҳонҳои соли 2018 равон карда, доир ба холҳои минималӣ, холҳои миёна ва натиҷаи имтиҳонҳо маълумот доданд.


     Сипас байни шунавандагон ва меҳмонон саволу ҷавоб баргузор гардид, ки довталабон ба ҳамаи саволҳо ҷавоби қаноатбахш гирифтанд.

Маркази омодагии қаблӣ


21.11.2018 169