Усулҳои сабти лексияҳо ва сатҳу сифати онҳо баррасӣ гардиданд

Усулҳои сабти лексияҳо ва сатҳу сифати онҳо баррасӣ гардиданд

              Тибқи банди 2-юми Қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз 26 январи солт 2018 №6 Маркази технологияҳои иттилоотӣ (Азизов Ҷ.Р.), муовинати таълим (Хоҷаева Н.М.), мудирони кафедраҳо вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати сабт ва роҳнамоӣ намудани видеолексияҳои профессорону устодони донишгоҳ ҳамкориро бо Маркази технологияҳои иттилоотӣ вусъат бахшида, иҷрои нақшаи сабти видеолексияҳоро таъмин намоянд.

               Аз ин лиҳоз бо назардошти таҷрибаи гузашта оид ба сабти лексияҳо ва бо мақсади минбаъд ҳам самаранок ба роҳ мондани сабти лексияҳо, бо иштироки сардори шуъбаи таълим д.и.т., проф. Хоҷаева Н.М., роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот н.и.т., дотсент Субҳонов С.С. ва маркази технологияҳои иттилоотӣ Азизов Ҷ.Р. масъалаи усулҳои сабти лексияҳо ва сатҳу сифати он, аз он ҷумла дар толори лексионӣ, студиявӣ баррасӣ гардиданд.

 

Субҳонов С.С., роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент


14.10.2018 484

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php