Тақдими сипоснома ба волидайни донишҷӯён

Тақдими сипоснома ба волидайни донишҷӯён

Рӯзи 14.02. соли 2019 ба деканати факултети стоматологӣ бархе аз волидайни донишҷӯёне, ки имтиҳоноти сессияи зимистонаро бо натиҷаҳои “аъло” ва интизоми намунавӣ ҷамъбаст намуданд, даъват карда шуданд. Декани факултет ба волидайни ин донишҷӯён барои тарбияи фарзанди хушахлоқ ва қобилиятноку масъулиятшинос сидқан миннатдорӣ изҳор намуда, ба онҳо “Сипоснома” тақдим намуд. Дар навбати худ волидайн бо боварии хос таъкид намуданд, ки минбаъд ҳам ҷиҳати ҳамчун мутахассиси соҳибкасб ва дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарбия ёфтани фарзандашон робитаро бо сохторҳои таълимию тарбиявии факултети стоматологӣ боз ҳам қавитар менамоянд.

 

  Ю.Ҳ. Иброҳимов, декани факултети стоматологӣ, н.и.т.   

                           


21.02.2019     275