Шӯрои олимони факултети НТҶ

Шӯрои олимони факултети НТҶ

       22-юми ноябри соли 2018 дар толори раёсати донишгоҳ ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони факултет баргузор гашт. Дар ҷаласа оиди системаи кредитӣ-модулӣ дар факултети НТҶ Комилов И.Ш. маълумот дода, ҳамчунин масъалаи тарзи дуруст пур кардани журналҳо ва холгузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мудирони кафедраҳо вазифадор карда шуданд, ки нисбати бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин чораҳои зарурӣ андешанд.

        Инчунин, муовини декан Мансуров Ҳ.Н. ҳисоботро оиди таҳсили донишҷӯёни тариқи Квотаи Президентӣ таҳсилкунандаи факултети НТҶ пешниҳод намуд. Ҳоло дар факултети 18-нафар донишҷӯён бо тариқи Квотаи Президентӣ таҳсил намуда, аз онҳо 13-нафар донишҷӯи курси 6-ум, 4-нафар курси 5-ум ва 1-нафар курси 1-ум мебошанд. Аз ин теъдод 11-нафарро писарон 9-нафарро духтарон ташкил медиҳад.

         Дар рафти ҷаласаи Шӯрои олимони факултет якчанд масъалаҳои гуногун аз тарафи декани факултет Саидзода Б.И. мавриди муҳокима қарор дода шуд.

 

Деканати факултети НТҶ


27.11.2018 486

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php