Семинари омузишӣ бо мушоҳидони миллӣ
14 сентябр дар толори МОМА-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино воқеъ дар маҷмааи нави таълимии “Шаҳраки Шифобахш” семинари омӯзишӣ бо мушоҳидони миллӣ баргузор шуд, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Сино Файзуллозода З.Ф., Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Душанбе Мирзозода Иброҳим, мудири шуъбаи таблиғотии ҲХДТ Наимов Маҳмадулло иштирок намуданд. Дар семинар оид ба мушоҳидони миллӣ дар интихобот, мақом ва ваколатҳои мушоҳидони миллӣ сухан карда шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Сино Файзуллозода З.Ф. ва мудири шуъбаи таблиғотии ҲХДТ Наимов Маҳмадулло баромад намуда, афзуданд, ки дар баргузории интихоботи дар пешистода бо мақсади шаффоф ва ошкоро гузаронидани ин маъракаи сиёсӣ аз ҳуқуқ ва ваколатҳои хеш истифода бурда, ба қонунвайронкунӣ роҳ надиҳанд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Таибов С.А.