Семинари омӯзишӣ оиди портали омӯзишии донишгоҳ
Санаи 20-уми октябри соли 2018 бо донишҷӯёни курсҳои 1-ум ва 2-юми факултети НТҶ семинари омӯзишӣ оиди портали омӯзишии донишгоҳ www.lms.tajmedun.tj гузаронида шуд.
Дар семинар корманди сомонаи донишгоҳ, мутахассис оиди омӯзиши электронӣ Умаров Комрон ва кормандони деканат иштирок намудаанд. Дар рафти семинар барои донишҷӯён рамз ва логини воридшавӣ тақсим карда шуда, доир ба ворид гаштан ба портали омӯзишӣ, танзими кабинети инфиродӣ ва дастрас намудани маводҳои таълимӣ фаҳмонида шуд.
Портали омӯзишӣ тӯли 3 сол аст, ки фаъолият менамояд ва то имрӯз дар факултетҳои НТҶ, стоматологӣ ва қисман дар факултети тиббӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар портали омӯзишӣ донишҷӯён метавонанд аз тамоми маводҳои таълимӣ (китобҳои дарсӣ, лектсияву презентатсияҳо, наворҳо, ссилкаҳои беруна, мафҳумҳои фаннӣ) дастрасӣ пайдо намоянд.
Дар фароварди семинар байни донишҷӯён ва маъмури портали омӯзишӣ баҳсу мунозираҳо доир гашт. Донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифта, пешниҳодҳо намуданд.
Деканати НТҶ,
гурӯҳи кории LMS