Семинар оид ба низоми кредитии таҳсилот
Дар санаи 12-уми октябри соли 2018 дар толори кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо информатика Семиинар оид ба низоми кредитии таҳсилот таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба таълим д.и.т., прфессор Ибодов Саидмуқим Тиллоевич гузаронида шуд.
Дар семинари номбурда мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияҳои иттилоотӣ д.и.ф/м., профессор Шерматов Дусназар бо презентатсия оид ба низоми кредитии таҳсилот баромад намуд. Дар семинари мазкур 75 нафар мудирони кафедраҳо ва устодони таълимии кафедраҳои курси 3-юми факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ ва НТҶ, ки бори аввал тибқи низоми кредитӣ дар курсҳои 3-юм дарс медиҳанд, иштирок доштанд. Дар анҷоми семинар ба саволҳои устодон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Субҳонов С.С., роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент