Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи тибби оилавии №2

Санҷиши  фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи тибби оилавии №2

          Дар санаи 24 ва 25.10.2018 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи тибби оилавии №2 ва мониторинги сифати таълим гузаронида шуд. Дар кафедраи тибби оилавии №2 донишҷӯёни курсҳои 4-ум, 5-ум ва 6-ум факултети тиббӣ, курсҳои 4-ум ва 5-уми факултети педиатрӣ ва курси 4-уми факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ (НТҶ)- дар семестри баҳорӣ таҳсил мекунанд.

Донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ – 6 гурӯҳ (80 нафар) дар санаи 24.10.2018 имтиҳонро тибқӣ ИКСО (имтиҳони клиникии сохторишудаи объективӣ) дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ супориданд.

            Дарсҳо бо забонҳои давлатӣ ва русӣ гузаронида мешаванд. Аз тарафи ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ зиёда аз 30 номгӯй адабиёти таълимӣ барои донишҷӯён таҳия гардида аз чоп бароварда шудааст.

        Ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Муҳити корӣ низ дар сатҳи хуб аст. Инчунин дар кафедра давомоти донишҷӯён санҷида шуд. Донишҷӯён пурра - 100% дар дарсҳо иштирок менамуданд.

 Субҳонов С.С., роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент 

 


27.10.2018 92