Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи тибби оилавии №1

Санҷиши  фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи тибби оилавии №1

Кафедраи тибби оилавии №1 дар Маркази саломатии шаҳрии (МСШ) №2 ҷойгир мебошад. Кафедра аз 1-ҳуҷраи мудири кафедра, 8-ҳучраи дарсӣва як толори лексионӣ иборат мебошад.

Мудири кафедра д.и.т., профессор Қодирова Д.А. дар ҷои корӣ ҳозир буд. Ҳайати кормандони кафедраро 7 нафар ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 3 нафар номзади илмҳои тиб мебошанд.

Дар кафедраи тибби оилавии №1 донишҷӯёни курсҳои 4-ум, 5-ум ва 6-уми факултети тиббӣ аз фанни тибби оилавӣ таҳсил мекунанд. Дар кафедра ба ғайр аз донишҷӯён 1-нафар докторант ва 4-нафар унвонҷӯён омода карда мешаванд.

Лексияҳо бо истифодаи асбобҳои муосир ва маводҳои аёнӣ: компютер, мултимедиа, слайдҳо, гузаронида мешаванд. Дарсҳои амалӣ бо истифодаи муляжҳо, презентатсияҳо муоинаи маҷмӯии беморон гузаронида мешаванд. Корҳои мустақилонаи донишҷӯён аз куратсия ва муоинаи беморон иборат аст.

Дар кафедраи тибби оилавии №1 барои донишҷуён 30 адабиёти таълимӣ - методӣ таҳия гардида, аз чоп бароварда шудааст.

 

С.С. Субҳонов, роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент 


17.01.2019     130