Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи таълими асосҳои бемориҳои дарунӣ

Санҷиши  фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи таълими асосҳои бемориҳои дарунӣ

28-уми январи соли 2019 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи таълими ассосҳои бемориҳои дарунӣ (ТАБД) инчунин мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.

Дар кафедраи мазкур донишҷӯёни курси 2-уми факултети тиббӣ аз курси малакаҳои комуникативӣ, курси 3-юм аз фанни ТАБД ва малакаҳои амалӣ, курси 3-юми факултети педиатрӣ аз фанни ТАБД, курси 3-юми факултети стоматологӣ аз фанни ТАБД ва ҳамзамон курси 2-юми факултети стоматологӣ аз фанни ТАБД, курси 2-юми факултети НТҶ аз фанни ТАБД   омӯзонида мешаванд. Ҳамзамон дар кафедра 2- ординатори клиникӣ (соли якум), 10 - нафар унвонҷӯён ва 5-нафар аспирантон корҳои илмиро тибқи мавзӯяшон иҷро менамоянд.   

Корҳои мустақилонаи донишҷӯён аз навиштани таърихи беморӣ, ҳал кардани масъалаҳои ваъзиятӣ, тестҳо ва куратсияи, палпатсияи беморон хело хуб ба роҳ монда шудааст, ки аз тарафи устодон ва профессорони кафедра тафтиш карда мешавад.

Дар кафедраи таълими ассосҳои бемориҳои дарунӣ барои донишҷуён 36 адабиёти таълимӣ дар самтҳои гуногуни ихтисос таҳия ва чоп карда шудаанд.

С.С. Субҳонов, Сардори бахши сифати таълим ва рушди омӯзгор, н.и.т., дотсент

 


04.02.2019 139