Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи микробиология, иммунология ва вирусология

Санҷиши  фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи микробиология, иммунология ва вирусология

Дар санаи 11. 02 соли 2019 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи микробиология, иммунология ва вирусология, инчунин мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.

Дар кафедраи мазкур дарсҳо барои донишҷӯёни курсҳои 2-юм ва 3-юми факултети тиббӣ, инчунин бакалаврони курси 2-юми факултети тиббӣ, донишҷӯёни курси 2-юми факултети стоматологӣ, донишҷӯёни курси 3-юми факултети нигаҳдории тандурустии ҷамиятӣ, донишҷӯёни курси 2-юм ва 3-юми факултети педиатрӣ ва донишҷӯёни курси 4-уми факултети фармасевтӣ аз фанни микробиология, иммунология ва вирусология гузаронида мешаванд. Ҳамзамон, ба ғайр аз донишҷӯён 2-нафар унвонҷӯён корҳои илмиашонро тибқи мавзӯҳояшон иҷро менамоянд.

Корҳои мустақилонаи донишҷӯён аз омода намудан ва навиштани рефератҳо тибқи мавзӯҳои нақшавӣ, иҷрои корҳои мустақилона тибқи номгӯи корҳои мустақилона, ки аз тарафи кафедра ба донишҷӯён пешниҳод гардидааст, иборат мебошад.

Корҳои озмоишгоҳии донишҷӯён дар кафедраи мазкур дар ташхисгоҳи пайвастагии занҷиравии полимеразӣ, ташхисгоҳи иммунно-ферментӣ ва озмоишгоҳи бактериологӣ аз рӯи мавзӯҳои нақшавӣ гузорнида мешаванд.

Дар кафедраи микробиология, иммунология ва вирусология барои донишҷуён адабиёти таълимӣ зиёда аз 28 номгӯй дар самтҳои гуногуни ихтисос таҳия ва чоп карда шудааст.

Кафедраи мазкур бозомӯзии касбиро аз ихтисосҳои «бактериалогияи тиббӣ» (4-моҳа), «вирусология» (4-моҳа) ва курси такмили ихтисосро аз ихтисоси «микробиологияи клиникӣ» (1- моҳа) меомӯзонад ва барои гузаронидани ин курсҳо бо озмоишгоҳҳои бактериологии Марказҳои ташхисии «Нурафзо» ва «Диамед» ҳамкорӣ менамояд.

 

С.С. Субҳонов, Сардори бахши сифати таълим ва рушди омӯзгор, н.и.т., дотсент 

 


18.02.2019 857

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php