Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи химияи биоорганикӣ
Дар санаи 6-юми феврали соли 2019 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи химияи биоорганикӣ, инчунин мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.
Дар кафедраи химияи биоорганикӣ бо донишҷӯёни курсҳои 1-уми факултҳои тиббӣ, стоматологӣ, нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва педиатрӣ инчунин донишҷӯёни курси 2-юми факултети фармасевтӣ дарс гузаронида мешавад. Бояд қайд кард, ки 2 озмоишгоҳи кафедраи химияи биоорганикӣ дар марҳилаи омодашавӣ ба истифодабарӣ қарор дорад.
Корҳои мустақилонаи донишҷӯён дар дафтари махсуси КМД дарҷ кардан аз рӯи мавзӯъҳои нақшавӣ навиштани рефератҳо ва тайёр кардани презентатсияҳо иборат мебошад. Малакаҳои амалии донишҷӯён аз иҷрои корҳои мустақилона тибқи дастури методӣ оид ба машғулиятҳои амалӣ- лабораторӣ аз химия иборат аст.
Дар кафедраи мазкур барои донишҷӯён 11 адад дабиёти таълимӣ дар самтҳои гуногуни ихтисос таҳия ва чоп карда шудаанд.
С.С. Субҳонов, сардори бахши сифати таълим ва рушди омӯзгор, н.и.т., дотсент