Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи фтизиопулмонология

Санҷиши  фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи фтизиопулмонология

        Дар санаи 20.11.2018 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методи кафедраи фтизиопулмонология ва мониторинги сатҳи сифати таълим гузаронида шуд. Аз тарафи ҳайати омӯзгорони кафедра бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ зиёда аз 30 номгӯй адабиёти таълимӣ барои донишҷӯён таҳия гардида аз чоп бароварда шудааст.

        Корҳои мустақилонаи донишҷӯён аз навиштани реферат, ҳал кардани масъалаҳои ваъзиятӣ, тестҳо ва куратсияи беморон иборат буда, аз тарафи устодон тафтиш карда мешавад.

     Аз тарафи кафедра тибқи телемедитсина бо марказҳои вилоятии бемориҳои сил, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ машварат, онлайнконфронсҳою онлайнлексияҳо бо иштироки 30-40 нафар мутахасисони соҳаи бемориҳои сил ва инчунин бо табибон-интернҳо мегузаронанд.

        Таҳлили дарс тибқи ташрифи устодон ба дарсҳои ҳамдигар аз рӯи ҷадвал дар дафтари алоҳида дарҷ мегардад. Хронометражи дарсҳо   риоя    карда мешавад.

        Ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра хуб ба роҳ монда шудааст.

 

 Субҳонов С.С., роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент 

                                                             

 


26.11.2018 87