Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои информатика

Санҷиши  фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои информатика

Дар санаи 05. 02. соли 2019 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои информатика, инчунин мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.

Дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои информатика ба донишҷӯёни курси 1-ум ва 2-юми факултети тиббӣ, факултети фамасевтӣ, факултети стоматололгӣ, факултети НТҶ ва факултети педиатрӣ машғулиятҳо бо истифода аз тахтаи электронӣ гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар кафедра 2-нафар аспирантон кори илмиашонро тибқи мавзӯяшон иҷро менамоянд.

Корҳои мустақилонаи донишҷӯён (КМД) дар дафтари алоҳидаи КМД дарҷ карда шуда, аз рӯи мавзӯъҳои нақшавӣ навиштани рефератҳо ва тайёр кардани презентатсияҳо иборат мебошад. Малакаҳои амалии донишҷӯён иборат аст аз иҷрои корҳои лабораторӣ аз рӯи адабиёти алоҳида, аз ҷумла маҷмӯи корҳои лабораторӣ аз фанни информатика, маҷмӯи корҳои амалӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ ва дастури таълимӣ барои корҳои лабораторӣ аз фанни физикаи тиббӣ ва биологӣ мебошад.

Дар кафедраи мазкур барои донишҷуён 12 адад дабиёти таълимӣ дар самтҳои гуногуни ихтисос таҳия ва чоп гардидаанд.

 

С.С. Субҳонов, сардори бахши сифати таълим ва рушди омӯзгор, н.и.т., дотсент 


11.02.2019 603

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php