САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДИИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ
3-уми октябр санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва мониторинги сатҳи сифати таълим гузаронида шуд. Дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ аз 7 фанни ба равияи ҷомеашиносӣ тааллуқ дошта – фалсафа, таърихи халқи тоҷик, сиёсатшиносӣ, этика ва эстетика, сотсиология, педагогика ва психология, ҳуқуқ аз рӯи ихтисос, машғулиятҳои лексионӣ ва семинарӣ гузаронида мешавад. Хар як омӯзгор аз рӯи тахассуси худ фанҳоро дарс медиҳанд. Дарсҳо бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида мешавад.
Силабусҳо аз ҳар як фанни алоҳида тартиб дода шуда, дар боксфайлҳо дар алоҳидагӣ нигоҳ дошта шудааст.
Таҳлили дарс тибқи ташрифи устодон ба дарсҳои ҳамдигар аз рӯйи ҷадвал баргузор мегардад ва дар дафтари алоҳида дарҷ карда мешавад. Хронометражи дарсҳо бошад пурра риоя карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Инчунин дар кафедра давомоти донишҷӯён низ санҷида мешавад.
Бахши идоракунии сифати таҳсилот