Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона
Дар санаи 17.10.2018 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона ва мониторинги сатхи сифати таълим гузаронида шуд. Дар кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона донишҷӯёни курси 4-ум (НТҶ), курси 5-ум (факултети тиббӣ, педиатрӣ ва бакалавриат) ва курси 6-ум таҳсил мекунанд.
Дар кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона ба ғайр аз донишҷӯён 2 нафар ординатори клиникӣ, 1 нафар аспирант (2-юм сол), 1 нафар унвонҷӯй PID таҳсил мекунанд.
Оид ба корҳои мустақилонаи донишҷӯён дар кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона дастурамали Стандартҳои иҷроиши минимуми махсуси малакаҳо ва тавоноиҳое амалие, ки аз тарафи донишҷӯёни курсҳои 5 ва 6 факултети тиббӣ азхуд карда мешаванд дар сикли «бемориҳои сироятии кӯдакона» омода карда шудааст, ки тибқи он кор бурда мешавад.
Дар кафедра тибқи пурсишнома аз донишҷӯён маълумот гирифта мешавад, ки ин алоқаи мутақобилаи судманд байни кафедра ва донишҷӯён мебошад.
Инчунин дар кафедра донишҷӯён супоришҳои вазъиятиро ҳал менамоянд, ки ҳар як супориши вазъиятӣ аз 4 саволи кушод ва 4 саволи тестӣ иборат мебошад.
Аз тарафи ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ зиёда аз 30 номгӯй адабиёти таълимӣ барои донишҷӯён таҳия гардида аз чоп бароварда шудааст. Ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Инчунин дар кафедра давомоти донишҷӯён санҷида шуд.
Субҳонов С.С., роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент