Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2

Санҷиши  фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи  бемориҳои кӯдаконаи №2

Рӯзи 8-уми январ санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 ва инчунин мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.

Дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 донишҷӯёни курсҳои 5 ва 6-уми факултети тиббӣ фанни бемориҳои кӯдакона таълим дода мешавад. Дар кафедра ғайр аз донишҷӯён, 3-нафар унвонҷӯй, 5-нафар ординаторони клиникӣ (соли 1-ум – 3 нафар ва соли 2-юм – 2 нафар) ва 11 нафар табибон- интернаҳо омода карда мешаванд.

Корҳои мустақилонаи донишҷуён аз навиштани таърихи беморӣ, реферат, омода намудани презентатсия, муоинаи беморон (палпатсия, перкуссия ва аускултатсияи беморон), ҳал намудани масъалаҳои вуҷуддошта аз рӯйи мавзӯҳои нақшавӣ иборат аст.

Аз тарафи ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 барои донишҷӯён 23 адабиёти таълимӣ - методӣ таҳия гардида, нашр карда шудааст.

   

С.С.Субҳонов, роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент 

           


17.01.2019     85