Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи бемориҳои дарунии №1
Дар санаи 04. 02 с. 2019 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи бемориҳои дарунии №1 инчунин мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.
Дар кафедраи мазкур донишҷӯёни курси 3-юм факултети тиббӣ бакалаврҳо ва курси 4-уми факултети тиббӣ, донишҷӯёни курси 3-юм ва 4-уми факултети стоматологӣ, донишҷӯёни курси 4-ум ва 5-уми факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, донишҷӯёни курси 4-уми факултети педиатрӣ аз фанни бемориҳои дарунӣ к.3-юм (сем 5 - 6) факултети тиббӣ, бакалаврҳо аз бемориҳои касбӣ к.4-ум (сем 7 – 8) дар факултети тиббӣ, бемориҳои дарунӣ к.3 - 4 (сем 5 – 6 ва 7 - 8) дар факултети стоматологӣ,бемориҳои касбӣ к.4 (сем 7 – 8) ва бемориҳои дарунӣ к.5 (сем 9 - 10) дар факултети НТҶ, бемориҳои дарунӣ ва бемориҳои касбӣ к.4 (сем 8) дар факултети педиатрӣ дарс гузаронида мешавад. Ҳамзамон ба ғайр аз донишҷӯён 4-нафар аспирантон (соли-2-юм - 2-нафар ва соли 1-ум - 2-нафар), 10-нафар унвонҷӯён, 1-нафар докторант PhD корҳои илмиашонро тибқи мавзӯҳояшон иҷро менамоянд.
Инчунин 1-нафар табиб - интерн дар пойгоҳи кафедра омода карда мешавад. Корҳои мустақилонаи донишҷӯён аз куратсияи беморон, навиштани рефератҳо тибқи мавзӯҳои нақшавӣ, ҳал кардани маъсалаҳои ваъзиятӣ аз рӯи мавзӯҳои нақшавӣ ва тайёр кардани презентатсияҳо иборат мебошад.
Дар кафедраи “Бемориҳои дарунии №1” барои донишҷуён адабиёти таълимӣ зиёда иборат аз 23 номгӯй дар самтҳои гуногуни ихтисос таҳия ва чоп карда шудааст.
С.С. Субҳонов, сардори бахши сифати таълим ва рушди омӯзгор, н.и.т., дотсент