Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй

Санҷиши  фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи  ҷарроҳии ҷоғу рӯй

Дар санаи 2.01 соли 2019 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.

Дар кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй донишҷӯёни курсҳои 2-юм, 3-юм, 4-ум ва 5-уми факултети стоматологӣ аз фанҳои ҷарроҳии ҷоғу рӯй, ҷарроҳии ҷоғу рӯи кӯдакона ва пропедевтикаи ҷарроҳии стоматологӣ дарс меомӯзанд. Дар кафедра ғайр аз донишҷӯён 7-нафар ординаторони клиникӣ (соли1-ум 2-нафар ва соли 2-юм 5-нафар) таҳсил мекунанд.  

Корҳои мустақилонаи донишҷуён аз навиштани реферат, муоинаи беморон, гузоштани кӯкҳо, шинаҳои симӣ, кашидани схемаи асаби сегона иборат аст.

Аз тарафи ҳайати омӯзгорони кафедра бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ зиёда аз 18 номгӯй адабиёти таълимӣ барои донишҷӯён таҳия гардида, аз чоп бароварда шудааст

Ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.

 

С.С. Субҳонов, роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент 

                 


05.01.2019 569

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php