Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехта

Санҷиши  фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи  ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехта

Дар санаи 2.01 соли 2019 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехта инчунин мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.

Дар кафедра ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехта донишҷӯёни курси 5-уми факултети тиббӣ ва курси 5-уми факултети педиатрӣ аз фанҳои ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехта таҳсил мекунанд. Дар кафедра ба ғ\айр аз донишҷӯён 2-нафар аспирантон (1-нафар соли-3 ва 1-нафар соли -2) 5-нафар унвонҷӯён, ки аз онҳо 2- нафар аз апробатсия гузаштаанд, 6- нафар ординаторони клиникӣ (соли 2-юм – 4 нафар, ва 2 нафар соли якуми таҳсил), омода карда мешаванд.

Лексияҳо дар кафедра бо истифодаи асбобҳои муосир ва маводҳои аёнӣ: компютер, мултимедиа,   гузаронида мешаванд. Дарсҳои амалӣ бо истифодаи, слайдҳо, презентатсияҳо муоинаи комплексии беморон, гузаронида мешаванд. Корҳои мустақилонаи донишҷӯён аз муоинаи беморон, куратсия иборат аст.

Дар кафедраи ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехта барои донишҷуён зиёда аз 30 адабиёти таълимӣ - методӣ таҳия гардида, аз чоп бароварда шудааст.

        

С.С. Субҳонов, роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент 

                


05.01.2019 487

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php