Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи анатомияи одам ба номи Я.А.Раҳимов
Дар санаи 12. 02 соли 2019 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи анатомияи одам ба номи Я.А. Раҳимов, инчунин мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.
Дар кафедраи номбурда бо донишҷӯёни курси 1-ум ва 2-юми факултети тиббӣ, бо бакалаврҳо, донишҷӯёни факултети стоматологӣ, факултети фармасевтӣ, факултети НТҶ ва факултети педиатрӣ аз фанни анатомияи одам дарс гузаронида мешавад. Ҳамзамон дар кафедра 3-нафар унвонҷӯён корҳои илмиашонро тибқи мавзӯашон иҷро менамоянд. Корҳои мустақилонаи донишҷӯён (КМД) дар дафтари махсуси КМД дарҷ карда шуда, аз рӯи мавзӯъҳои нақшавӣ навиштани рефератҳо ва тайёр кардани презентатсияҳо иборат мебошад.
Малакаҳои амалии донишҷӯён ин кор бо муляжҳо, устухонҳо, мустаҳзарҳои тар, планшетҳо, тарҷумаи истилоҳоти анатомӣ аз рӯи мавзӯъҳои нақшавӣ иборат мебошад. Инчунин як ҳуҷраи малакаҳои амалӣ бо таҷҳизотҳои муосир таъмин карда шуда ба истифода дода шудааст.
Дар кафедраи «Анатомияи одам ба номи Я. А. Раҳимов» барои донишҷӯён аз тарафи ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедра 17 номгӯй дабиёти таълимӣ дар самтҳои гуногуни ихтисос таҳия ва чоп карда шудаанд.
С.С. Субҳонов, Сардори бахши сифати таълим ва рушди омӯзгор, н.и.т., дотсент