Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методӣ дар кафедраи фармакогнозия ва ташкили иқтисодии фармасевтӣ
Дар санаи 17. 01 с. 2019 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи фармакогнозия ва ташкили иқтисодии фармасевтӣ (ТИФ) ва инчунин мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.
Дар кафедраи фармакогнозия ва ТИФ донишҷӯёни курсҳои 1-ум, 2-юм, 3-юм, 4-ум ва 5-уми факултети фармасевтӣ аз фанҳои зерин: 1) анатомияи рустаниҳо-к.1, 2) анатомияи рустаниҳо-к.2, 3) фармокогнозия, 4) ташкили иқтисоди фармасевтӣ, 5) молшиносии фармасевтӣ, 6) ахбороти фармасевтӣ, 7) идоракунии фармасевтӣ, 8) фармакогнозия, 9) захирашиносӣ. Ҳамзамон ғайр аз донишҷӯён 1 нафар аспирант (соли 2-юм) ва 1- нафар унвонҷӯй, корҳои илмиро тибқи мавзӯяшон иҷро менамоянд.
Корҳои мустақилонаи донишҷӯён ва малакаҳои амалӣ дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”, бо иҷрои кори лабораторӣ, пур кардани рӯзнома аз фанҳои дар боло дарҷ гардида гузаронида мешавад.
С.С. Субҳонов Роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент