Санҷиши фаъолият дар кафедраи биология бо асосҳои генетика

Санҷиши фаъолият дар кафедраи  биология бо асосҳои генетика

4-уми октябр дар кафедраи биология дар гурӯҳи 59-уми бо забони англисӣ таҳсилкунандаи факултаи тиббӣ дарси кушод  бо даъват ва иштироки  н.и.б., дотсент  Шукурова Д.А. - мутасаддии гурӯҳҳои хориҷии кафедраи гистология, Аслонова Х.М. -  мутасаддии гурӯҳҳои хориҷии кафедраи физика ва омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷӣ санҷиши фаъолияти таълимӣ – методӣ ва мониторинги сифати таълим гузаронида шуд. Дар он донишҷӯён дар мавзӯи ситогенетика баромад намуда, ба саволҳои пешниҳодкардаи устодону донишҷӯён посух доданд.

Бояд гуфт, ки дарси кушод дар сатҳи баланди таълимӣ  ба роҳ монда шуд.

Бахши идоракунии сифати таҳсилот


09.10.2018     42