Санҷиши амалии таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар доираи «Соли таҳсили клиникӣ» ба тавре OSCE

Санҷиши амалии таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар доираи «Соли таҳсили клиникӣ» ба тавре OSCE

15-уми январи соли 2019 санҷиши амалии таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар доираи «Соли таҳсили клиникӣ» ба тавре OSCE (имтиҳони объективии сохторшудаи клиникӣ) барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ оғоз ёфт. Ҳамарӯза аз соати 13:30 устодони кафедраҳои клиникӣ якҷоя бо мутахассисони Марказ чорнафара дар ҳар шаш ҳуҷраи таълимӣ (инстанция) - акушерӣ ва гинекология, бемориҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои кӯдакона, бемориҳои дарунӣ, тибби оилавӣ, анестезиология ва реаниматология – имтиҳон қабул мекунанд. Донишҷӯёни курси 6-ум чорнафара ба навбат аз ҳар як ҳуҷраи таълимӣ мегузаранд. Дар ҳар як ҳуҷраи таълимӣ дар давоми ҳашт дақиқа онҳо масъалаҳои ситуатсионӣ аз фанҳои дар боло зикршуда бо истифодабарии манекенҳову муляжҳо ё беморони симулятсионӣ (аз ҳисоби ҳамкурсонашон) малакаю маҳорати худро нишон медиҳанд. Баҳодиҳӣ асосан аз рӯи чор критерия гузошта мешавад:

1. Ҷамъ кардани анамнези бемори стандарткунонида;

2. Гузаронидани муоина, тадқиқот ва гузоштани ташхис; 3. таъин кардани нақшаи табобат; 4. маҳорати муоширатӣ. Рафти санҷиш мувофиқи стандартҳои байнамиллалӣ мебошад.

Раиси комиссия, муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К., сардори шуъбаи таълим, д.и.т., профессор Ҳоҷаева Н.М. - муовини раиси комиссия, муовини сардори шуъбаи таълим, н.и.т. Мирзоев Ҳ.М., сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа, н.и.т., дотсент Носиров Қ.Н., сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ Қаландарзода Ё., декани факултети тиббӣ д.и.т. Муҳаббатов Ҷ.Қ., ҳамарӯза рафти санҷишро назорат мекунанд.

Рӯзи 17-уми январи соли 2019 кормандони Намояндагии Донишкадаи тибби тропикӣ ва тандурустии ҷамиятии Швейтсария дар ҶТ - мушовири байналмилалӣ оид ба таҳсили Лоиҳаи «Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар ҶТ» Грета Росс (Британияи Кабир) ва коршинос оид ба малакаҳои амалӣ Давлатова Д. - аз рафти санҷиши амалӣ дидан карданд.

То имрӯз гуруҳҳои № 1-36 аз санҷиш гузаштанд. Санҷиши амалии таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар доираи «Соли таҳсили клиникӣ» ба тавре OSCE барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ то 25-уми январ давом мекунад.

 

Ҷ.Н. Усмонов, директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ  

 


3
2
1
23.01.2019     195