Санҷиш дар МТИИ «Фарматсия»
13-ми феврал дар маркази МТИИ «Фарматсия» аз тарафи кормандони шуъбаи сифати таҳсилот санҷиш ва маниторинг гузаронида шуд. Марказ аз шуъбаҳои: доруҳои тайёр, тайёр намудани доруворӣ аз рӯи ретсептҳо, коркарди растиниҳои шифогӣ, таҳлили аналитикии доруҳои тайёркардашуда, итилооти маводҳои дорувори, асептикӣ, фитобар (гӯшаи гиёҳдармонӣ) иборат мебошад.
Дар Марказ барои гузаронидани дарсҳои амалӣ ва лаборатории фанҳои тахассусӣ барои донишҷӯёни факултети фарматсивтӣ (фармакогнозия, фармакология, химияи фарматсевтӣ, технологияи фарматсевтӣ, ташкилу иқтисоди фарматсия ва молшиносии фарматсевтӣ) шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Дар рафти маниторинг дар Марказ донишҷӯёни курси 5-уми факултети фарматсевтӣ аз фанҳои молшиносии фарматсевтӣ ва ташкилу иқдисоди фарматсевтӣ дарсҳои амалӣ, омӯзиши малакаҳои амалӣ ва масъалаҳои ғизоиро меомӯхтанд. Донишҷуён омадакунӣ, андозакунӣ, бандубасткунии доруворӯ ва гиёҳҳои шифогии ватанӣ ва коркарди қуттиҳои борҷамкунро меомӯхтанд.
Боиси тазаккур аст, ки дар МТИИ «Фарматсия» таҷҳизотҳои муосири соҳаи фарматсия, лавозимоту ашёҳои лозима барои корҳои амалию лаборатории донишҷуёни факултети фарматсевтӣ муҳайё карда шудааст.
Х.М.Мирзоев, сардори шуъбаи сифати таҳсилот н.и.т., дотсент
17.02.2020
652