Сӯҳбати пешазимтиҳонӣ бо донишҷӯёни курси 1-уми факултети стоматологӣ

Сӯҳбати пешазимтиҳонӣ бо донишҷӯёни курси 1-уми факултети стоматологӣ

    Санаи 26-уми декабри соли равон дар Маҷмааи нави таълимии шаҳраки “Шифобахш” маҷлиси курсӣ бо донишҷӯёни бахши якуми факултети стоматологӣ дар давраи пеш аз оғозёбии сессияи имтиҳонӣ гузаронида шуд. Дар ҷаласа мудирони кафераҳои физика, кимиёи биоорганикӣ ва забони тоҷикӣ иштирок доштанд, ки донишҷӯёни курси 1-ум дар сессияи зимистона аз ин фанҳо имтиҳон месупоранд. Сухани ибтидоиро декани факултет Иброҳимов Ю.Ҳ. оғоз намуда, ба донишҷӯён дар бораи ҷараёни сессияи имтиҳонии дар пеш истода гуфта гузашт. Сипас мудирони кафедраҳои номбурда ҳар кадом суханронӣ намуда, ба саволҳои донишҷӯён посухҳои мушаххас доданд. Пас аз анҷоми ҷаласа, мудирони кафедраҳо ва декани факултет ба донишҷӯён бурдбориҳо таманно намуда, ҳама бо як ҳисси баланди вадандӯстона Паёми Пешвои Миллат ва Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуданд.

  Ю.Ҳ. Иброҳимов, декани факултети стоматологӣ, н.и.т.


29.12.2018 459

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php