Пирӯзӣ дар Олимпиада

Пирӯзӣ дар Олимпиада
12-13 марти соли ҷорӣ 5 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз фанҳои химия, математика, физика, информатика ва биология иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.
Дар Олимпиадаи мазкур донишҷӯёнро аз Раёсати донишгоҳ муовини ректор оид ба таълим, д.и.т., профессор Ибодзода С.Т. ва мудирони кафедраҳои фанҳои зикргардида, ҳамчунин омӯзгорони фанни таълимӣ роҳбарӣ намуданд.
Барои шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани Олимпиада ҳайати ҳакамон аз ҳисоби олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, ки онҳо ба сатҳи донишандӯзӣ ва иҷрои корҳои амалии довталабон баҳогузорӣ намуданд.
Дар натиҷаи баргузории шаффофи Олимпиада ба баҳогузории одилонаи ҳайати ҳакамон донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ Аҳрор Исмоилӣ аз фанни химия ва донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ Темиров Самандар Нуралиевич аз фанни математика сазовори ҷойи якум гардиданд. Ҳамзамон донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ Садриддинов Нуриддин Файзиддинович аз фанни биология сазовори ҷойи дуюм ва донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ Азизов Ҳушанг Маҳмудшоевич аз фанни физика сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ғолибони ҷойи якуми Олимпиада бо «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дипломи дараҷаи якум, ғолибони ҷойҳои дуюм ва сеюм бо дипломҳои дараҷаи 2-юм ва 3-юм сарфароз гардонида шудаанд.
Муовинати таълим

14.03.2020 1588

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php