Назорати таҷрибаомӯзии клиникӣ

Назорати таҷрибаомӯзии клиникӣ

Санаи 1-уми октябри соли 2018 сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ Қаландарзода Ё.Қ. ва муовини декани факултети тиббӣ Қурбонов С.Р. барои назорат аз давомоти донишҷӯёни курси 6-ум, ки дар пойгоҳҳои ш.Турсунзода ва н.Ҳисор таҷрибаомӯзии клиникӣ гузашта истодаанд, ташриф оварданд. Дар давоми санҷиши давомоти донишҷӯён маълум шуд, ки дар пойгоҳи ш.Турсунзода 26 донишҷӯ ҳузур доштанд ва дар н.Ҳисор аз 26 донишҷӯ 5 нафар иштирок накарданд. Сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва муовини декани факултети тиббӣ бо сардухтури беморхонаи н.Ҳисор, мураббиён ва донишҷӯён ҳамсуҳбат шуда масъалаҳои давомоти донишҷӯён ва азхудкунии малакаҳои амалӣ барраси карда баъзе камбудиҳо бартараф карда шуданд.

Санаи 3-юми октябри соли 2018 муовини декани факултети тиббӣ Қурбонов С.Р. бо донишҷӯёни курси 6-уми соли клиникӣ маҷлис гузаронида шуд. Дар маҷлис гурӯҳҳое, ки дар пойгоҳи МТШ №2, МҶИҶДР ва МТТ ДДТТ, ки аз фанҳои бемориҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ ва ёрии таъҷилии тиббӣ таҷрибаомӯзӣ гузашта истодаанд иштирок карданд. Дар маҷлис масъалаҳои давомоти донишҷӯён ва фикру ақидаҳо оиди таҷрибаомӯзӣ баррасӣ карда шуд. 

Деканати факултети тиббӣ


09.10.2018 91