Натиҷагирии кори илмӣ-тадқиқотии «Омӯзиши хусусияти гиполипидимии маводи комплексии Феразон-липовитол, феразон лимониол, феразон- карвиол» дар бахши фармакологияи эксперименталӣ
Санаи 21.11.19с дар бахши фармакология эксперименталӣ таҳти роҳбарии профессор Азонов Ҷ.А. давраи сеюми корҳои илмӣ-тадқиқотии дарозмуддат (1 моҳа, оғоз аз 18.10.19с ) оиди омӯзиши хусусиятҳои гиполипидимии маводи комплексии “Феразон-липовитол, феразон лимониол, феразон- карвиол) дар ҳайвонготҳои озмоишӣ (калламуши сафед 42 адад) анҷом гардиданд. Дар муддати 1 моҳ ба ҳайвонотҳои озмоишӣ маводи омӯзишӣ ворид карда шуда, пас аз анҷоми тадқиқот барои натиҷагирӣ аз узвҳои дохилӣ- гурда, ҷигар, испурч, шуш, меъда барои ташхиси морфологӣ маводҳо гирифта шуданд. Барои тасдиқи хусусиятҳои гиполипидмии маводи тадқиқотшаванда таҳлилҳои биохимиявии хун гузаронида шуд. Корҳои ба анҷомрасидаи илмӣ- тадқиқотӣ қисми эксперименталии унвонҷӯён ва докторантҳои Озмоишгоҳ мебошанд.
Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ
22.11.2019
534