Намоиши асарҳои классикон ва адибони муосири тоҷик

Намоиши асарҳои классикон ва адибони муосири тоҷик

Бо мақсади таҳкими савияи дониш, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, рушди захираи луғавӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба мутолиаи китобҳои бадеӣ санаи 13.02.19 дар бинои нави таълимии шаҳраки «Шифобахш» намоиши асарҳои бадеиро пешкаши кормандон ва донишҷӯён гардонид.

Ба намоиш асарҳои классикон ва адибони муосири тоҷик: «Ашъор»-и Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, Ҷ.Икромӣ, М.Турсунзода, М.Миршакар, Ф.Муҳаммадиев, «Куллиёт»-и Лоиқ, инчунин асарҳои намояндагони дигар халқиятҳо ба забони русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ, гузошта шуд.Теъдоди адабиёти гузошташуда-144 ададро ташкил намуд.

Намоиши мазкур аз тарафи донишҷӯён ва кули кормандони донишгоҳ хуб пазируфта гардида, пас аз намоиш теъдоди зиёди адабиёт барои мутолиа аз тарафи донишҷӯён гирифта шуд.

Китобхонаи илмӣ


15.02.2019 816

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php