Мониторинг аз рӯйи малакаҳои амалӣ
Рӯзҳои 17-21-уми декабри соли 2018 мувофиқи нақшаи кории «Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 18-уми январи соли 2017 тасдиқ карда шудааст, чорабинӣ «Мониторинг аз рӯйи малакаҳои амалӣ» дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ баргузор гардид. Хамагӣ дар санҷиш 30 нафар донишҷӯёни курси 5-ум ва 30 нафар донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ иштирок карданд. Имтиҳонгирандагон устодони кафедраи тибби оилавии Донишкадаи таҳсили баъдидипломии кадрҳои соҳаи тибб ҶТ (МДТ ДТБКСТ ҶТ) буданд. Ҳамарӯза ҳар як донишҷӯ алгоритми иҷроиши 10 адади малакаҳои амалӣ аз фанҳои акушерӣ-гинекология, асабшиносӣ, бемориҳои дарунӣ ва бемориҳои кӯдаконаро нишон медод.
Кормандони Намояндагии Донишкадаи тибби тропикӣ ва тандурустии ҷамиятии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони декани факултети тиббии донишгоҳ оид ба курсҳои 5-ум ва 6-ум аз рафти мониторинг назорат намуданд.
Ҷ.Н. Усмонов, директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ