Меҳмон аз Туркия дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ
Рӯзи 6 декабри соли 2019 меҳмонони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Туркия Халид Алзейн аз ҳуҷраҳои таълимӣ ва толори лексионии Марказ диданд кард. Ӯ корманди муассисаи «Intergen» – Genetic and Rare Diseas Diagnosis Research @ Application Center – Маркази тадқиқотҳои амалӣ дар соҳаи ташхисӣ генетикӣ ва ташхиси бемориҳои камчин мебошад. Мутахассиси хориҷӣ бо фаъолият ва шароити кори Марказ шинос шуд. Ҳамчунин мутахассиси хориҷӣ аз боғи зимистонаи донишгоҳ дидан кард. Мақсади ташрифи меҳмони хориҷӣ – ҳамкории минбаъда бо донишгоҳ дар соҳаи генетика ва бемориҳои генетикӣ маҳсуб меёфт.
Усмонов Ҷ.Н., директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ