Машварат идроку хушёрӣ диҳад
Дар маркази таълимӣ-илмӣ ва клиникии донишгоҳ бо донишҷӯёни курси 3-юм корҳои фаҳмондадиҳӣ - машваратӣ бо иштироки проректори корҳои таълимӣ, доктори илми тиб Ибодзода С.Т. оид ба риояи дурусти пушидани ниқоб ва гигиенаи шахсӣ дар давраи пандемияи COVID-19 гузаронида шуд.
Саидмуқим Тилло зимни суханронии худ иброз дошт: “Дар замоне, ки давлатҳои дунёро мавҷи дуюми хуруҷи коронавирус фаро гирифтааст, донишҷӯени моро зарур аст, ки дар риоя намудани тамоми талаботҳои санитарӣ ва гигиенӣ пешсаф будаву дар ташвиқу тарғиби риояи ин талаботҳо дар кучаву бозорҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар солимии ҷомеа саҳмгузор бошанд.
То аз байн рафтани ин беморӣ ҳар як шахс бояд қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намояд.Ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ дорад. Дасту панҷаҳоро бо собун шустан, истифодаи салфеткаҳои яккарат истифодабарандаи бо спирт намнокшуда (дар ҳолати атса ва ё сулфа задан) ва ниқобҳои яккаратаро фақат дар муддати 2 соат истифода бурдан лозим аст. Кам-кам ва ҳар лаҳза нушидани зиёди об, то ин ки луоби даҳону гулу ба меъда равад, манфиати зиёд дорад. Инчунин, дар кӯча ва боғу растаҳое, ки одамон гашту гузор мекунанд, бо ниқоб будан зарур буда, қайд кардан бамаврид аст: бе зарурат ба ҷойҳое, ки мардум ҷамъ омадаанд, рафтан нашояд. Нуқтаи аз ҳама муҳим ин аст, ки дар ҳолати пайдо шудани аломати бемории ОРВИ аз хона берун наомада, худро аз аҳли оила ҷудо кардаву духтури оилавиро даъват намудан лозим аст.
Ин аст, ки машварат ва корҳои фаҳмондадиҳии саривақтӣ дар байни халқ аз омилҳои муҳими пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб меравад. Ба қавли бузургон:
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳоро ақлҳо ерӣ диҳад.
Мо итминони комил дорем, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки худ табибони ояндаи давлату миллати тоҷиканд, бо риояи тамоми талаботҳои зикршуда, дар солимии ҷомеа саҳмгузоранд, зеро дар давраи пандемияи COVID-19 валантёрони МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” дар сафи аввал буданд ва дар пешгирии паҳншавии ин беморӣ саҳми арзандае гузоштаанд.”
Дар анҷоми ҷаласа донишҷӯён ба суолҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Шӯъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа – Муҳидинова М.