Машғулиятҳои амалӣ бо ординаторони клиникӣ
Рӯзҳои 27-28 марти соли 2020 дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ профессори кафедраи бемориҳои кӯдакона №1, сардори Шуъбаи равобити байналмилалӣ д.и.т. Додхоев Ҷ.С. бо ординаторони клиникӣ силсилаи машғулиятҳои амалӣ гузаронид.
Ординаторони клиникӣ ба масъалаҳои соҳаи неонатология диққат ҷолиб карданд. Ҳангоми машғулиятҳо онҳо малакаҳои клиникӣ оид ба интубатсияи хирной, санатсияи роҳҳои нафаскашӣ, катетеризатсияи вариди ноф, маҳси ғайримустақими дил, нафаскашии сунъӣ ва ғайраҳо хуб омӯхтанд. Чунин омӯзиш барои баландшавии сатҳи донишу маҳорат аҳамияти ҷиддӣ доранд.
Директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ Усмонов Ҷ.Н.
31.03.2020
924