Маҷлиси курсии факултети педиатрӣ

Маҷлиси курсии факултети педиатрӣ

Рӯзҳои 5 октябр дар толори Сино бо иштироки сарвари Шӯрои бонувон ва мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон, маҷлисҳои курсии факултети педиатрӣ баргузор гаштанд.

      Дар     ҷаласа декани факултет, Табаров Муҳиддин Сафарович баромад намуда, меҳмононро бо донишҷӯён шинос намуд. Шӯрои бонувон ва Шуъбаи кор бо ҷавонон аз фаъолияти сохтори худ суханронӣ намуданд. Декани факултет таъкид намуд, ки донишҷӯён масъулияти бештар ҳис намуда, барои бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст намудани имтиҳону санҷишҳо сайъу кӯшиш намоянд. Роҳбари факултет аз шогирдон тақозо намуд, ки дар давраи хониш ва имтиҳонот ба риояи қатъии қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, либоси донишҷӯӣ ва одоби муошират эътибори ҷиддӣ диҳанд.

        Дар охир донишҷӯён ба саволҳои худ аз роҳбарияти факултет ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Деканати факултети педиатрӣ


08.10.2018 483

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php