Маҷлиси курсии донишҷӯёни курси якуми факултети стоматологӣ бо иштироки ректори донишгоҳ
Рӯзи 03.10.2018 дар толори Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино вохӯрии донишҷӯёни курси якуми факултети стоматологӣ бо ректори донишгоҳ муҳтарам Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ барпо гардид.
Сараввал ректори донишгоҳ ҳамаи донишҷӯёнро ба муносибати сазовор гаштан ба номи донишҷӯ дар ин донишгоҳи бонуфуз таҳният гуфтанд. Пас аз шинос намудан бо аъзои Раёсати донишгоҳ ректори донишгоҳ дар бораи таълиму тарбия, тарзи либоспӯшии донишҷӯён сухан намуданд. Инчунин, ректори донишгоҳ дар бораи хатарҳои шомил шудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ифродӣ, таъкид намуданд, ки дар вақти кор бо интернет аз истифодаи ҳар гуна сайтҳо худоррӣ намоянд.
Дар охир ректори донишгоҳ аз камбудиҳои ҷойдоштаи донишҷӯён пурсон шуда, баҳри бартарафкунии камбудиҳо ба муовинони ректор ва дигар аъзоёни Раёсат дастурҳои мушаххас дод.
Иброҳимов Ю.Ҳ., декани факултети
стоматологӣ, н.и.т.