ЛЕКСИЯИ КУШОД ДАР КАФЕДРАИ КИМИЁИ ФАРМАСЕВТӢ ВА ЗАҲРШИНОСӢ

 ЛЕКСИЯИ КУШОД ДАР КАФЕДРАИ КИМИЁИ  ФАРМАСЕВТӢ ВА ЗАҲРШИНОСӢ
18.02. 2020 ба ташабуси кормандони шуъбаи сифати таҳсилот дар кафедраи “кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ” барои донишҷӯёни курси 1-уми, патоки 1-уми факултети фарматсевтӣ лексияи кушод дар мавзӯи «Қонуни дуюми термодинамика. Энтропия ва тағйирёбии он дар равндҳои гуногун» баргузор шуд. Лексияи кушод аз ҷониби мудири кафедра д.и.х., профессор Раҷабов У.Р. бо иштироки омӯзгорон, аз ҷумла омӯзгорони ҷавони кафедра гузаронида шуд. Лексияи кушод шавқовар ва дар сатҳи баланд бо истифода аз презентатсияҳо ба роҳ монда шуд. Ҷолиби диққат мебошад, ки донишҷуён дар лексияи кушод фаъол буданд.
Дар лексия кормандони шуъбаи сифати таҳсилот иштирок карданд.
Х.М.Мирзоев, сардори шуъбаи сифати таҳсилот н.и.т., дотсент

21.02.2020 257